- зер
- [زير]1. таги ҳар чиз, таҳт, поён; муқоб. боло; зери… поёни…, таги…; аз зери… аз таги…2. қисмати поёнии чизе, поин: дар зер, дар зери варақ, дар зери расм; ба зери… а) ба таги…; дар поини…; б) дар дами…; дар зери… а) дар таги…; дар поини…; б) дар минтақаи амал ё таъсири…: дар зери барфу борон, дар зери офтоби сӯзон, дар зери калтак (шаллоқ); дар зери девор а) дар таги девор; б) назди девор, наздик ба девор3. ниг. касра; либоси зер либоси таг, либоси зерпӯш4. мус. садои баланду борик, овози нозуку маҳин; муқоб. бам; зеру бам пастию баландии овоз дар мусиқӣ; зер кардан а) фишор додан, пахш кардан (мас., тугмаи зангро); б) ба таги худ гирифтан, пахш кардан; в) ҳуҷум карда гирифтан, зӯран ишғол кардан. зер кардани чизе ҷоеро дар ҷое зиёд шудани чизе; ҷоеро тамоман фаро гирифтани чизе; зер карда гирифтан пахш карда ба даст даровардан; бо зӯрӣ ишғол намудан ҷоеро; зер карда даромадан ба ҷое ногаҳон ва нохост даромадан; ҳуҷум карда даромадан; зери лаб гуфтан оҳиста гап задан, бо овози паст ҳарф задан; зери лаб хандидан бесадо ва номаълум хандидан; тамасхур кардан; зери по будан хору зор ва беқадру беэътибор будан; зери по шудан поймол шудан; беқадру беарзиш гардидан; зери хок шудан дафн гардидан; мурдан; зери чашм кардан // ба зери чашм гирифтан таги чашм кардан, дар назар доштан (бо мақсаде); зеру забар кардан (намудан) тагу рӯй кардан, дарҳаму барҳам задан; несту нобуд кардан, аз байн бурдан; зеру забар шудан (гардидан) тагу рӯй шудан; вайрон шудан, хароб гаштан, барбод рафтан; зеру рӯ кардан чаппаю роста кардан, дарҳаму барҳам задан, тагу рӯ кардан; аз зери забон забон баровардан моҳирона ва суханпардозона гап задан; аз (бо) зери чашм нигаристан ноаён нигоҳ кардан, дуздида нигаристан; ба зери даст гирифтан ба итоат даровардан, тобеъ кардан; ба зери мушту лагад гирифтан бо мушту лагад задан, лагадкӯб кардан; ба зери обу арақ мондан ба обу арақ ғӯтидан, сахт арақ кардан; ба зери чашм гирифтан ниг. зери чашм кардан; дар зери дасти касе кор кардан таҳти назорат ва роҳбарии касе кор кардан; дар тобеияти касе кор кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.